Ссылки доступа

Путин: талафоти Русия 10 баробар камтар аст, ҳоло ниёзе ба мобилизатсияи нав нест


Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо блогерон, хабарнигорони низомии расонаҳои Русия рӯзи сешанбеи 13 июн гуфт, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобии артиши Украина дар ҳафтаҳои ахир талафоти Русия даҳ маротиба камтар аз талафоти Украина будааст ва Украина дар ҳеч самте пешравӣ надоштааст.

Бо ин вуҷуд вай рақаму омореро зикр накард, танҳо гуфт, ки артиши Русия 54 тонкро аз даст додааст. Путин талафоти Украинаро 160 тонк ва бештар аз 360 зиреҳпӯш унвон кард. Вай гуфт, ин талафот "тақрибан 25-30% техникае аст, ки аз хориҷ ба Украина овардаанд".

Ин баёнияҳои Путин аз сӯи пажуҳишгарони мустақил тасдиқ нашудаанд - муайян аст, ки Украина дар воқеъ дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ даҳҳо техникаро аз даст додааст (ҳамон гуна ки Русия техникаҳояшро аз даст додааст), аммо барои тасдиқи гуфтаҳои Путин ҳеч далеле мавҷуд нест. Президенти Украина Владимир Зеленский чанд рӯз пеш гуфт, ки талафоти бузург маҳз аз ҷониби Русия аст - "талафоте, ки ба мо даркор аст".

XS
SM
MD
LG