Ссылки доступа

Доналд Трампро пеш аз муҳокимаи додгоҳӣ ба ҳабс гирифтанд


Дональд Трамп с Библией в правой руке (архивный снимок)
Дональд Трамп с Библией в правой руке (архивный снимок)

Доналд Трамп, президенти пешини ИМА-ро пеш аз шуруи муҳокимаи додгоҳиаш ба ҳабс гирифтанд. Нисбати Трамп бар асоси 37 банди ҷиноӣ айб эълом шудааст. Трамп ҳеч кадоме аз ин айбҳоро эътироф накардааст.

Рӯзи 9 июн додгоҳи ИМА нисбати Трамп дар асоси 37 банд айб эълом кард. Президенти пешини ИМА дар нигаҳдории ғайриқонунии ҳуҷҷатҳои махфӣ ва тавтиа бо ҳадафи монеи адолати додгоҳӣ шудан айбдор мешавад.

Миёни бандҳои айбнома - ихтиёрдории ғайриқонунии иттилои марбут ба мудофиаи миллӣ низ ҳаст. Додситони федеролии ИМА гуфт, Трамп даҳҳо ҳуҷҷати махфиро дар манзилаш пинҳон кардааст.

Трамп бори дувум аст, ки ба ҳайси айбдоршаванда дар содир кардани ҷиноят дар додгоҳ ҳозир мешавад. Бори аввал моҳи апрел ӯро дар додгоҳ муҳокима карданд. Он замон вай дар тақаллуби аснод айбдор мешуд.

XS
SM
MD
LG