Ҳадафи асосии тарҳи қонун "танзими муносибати мардум оид ба ошкорсозии дороиҳои ғайриқонунӣ соҳибшуда ва баргардонии онҳо ба давлат ва ба ин тартиб барқарорсозии ҳуқуқҳои помолшудаи мардуми Қазоқистон, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, иқтисоди устувор ва рушди иҷтимоии Қазоқистон" аст.
Раиси порлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов ба суол дар бораи он ки чаро нисбати касоне, ки ихтиёран дороиҳои ғайриқонуниашонро бармегардонанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ нашудааст, гуфт, "айни замон ҳадафи асосӣ баргадонии дороиҳои ғайриқонунӣ аст".
Ба иттилои созмони Tax justice network, дар 25 соли ахир наздики 140-160 млрд доллар аз Қазоқистон ба офшорҳо интиқол дода шудааст.