"Бигзор тафтишот анҷом шавад. Дар натиҷаи тафтишот муайян мешавад, ки гунаҳкор кист. Ҳамаи гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт", - гуфт вай.
Панҷ бемори Беморхонаи марказии клиникаи шаҳрии Алматои Қазоқистон ҳангоми гирифтани хун ба вируси норасоии масунияти одам ё ВИЧ мубтало шудаанд.
Бино ба фармони вазорати тандурустии Қазоқистон, ҳар шахсе, ки хун мегирад, вазифадор аст, ки баъди як моҳ ташхиси ВИЧ супорад.
"Дар асоси далели гирифтории беморон ба ВИЧ рӯзи 2 июн комисия таъсис шуд ва барои муайян кардани манбаи вирус таҳқиқ шуруъ гардид", - омадааст дар хабари бемористони Алмато.