Ссылки доступа

Дар Қирғизистон корхонаи истеҳсоли инсулин месозанд


Миёни девони вазирони Қирғизистон ва ширкати BIOPHARMAX BV барои амалисозии тарҳи сармоягузории "Парки саноатии илм оид ба зиндагӣ" созишнома имзо шудааст.

Санади мазкур сохтмони маҷмаи дорусозӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли инсулин ва дигар василаҳои тиббиро мадди назар дорад. Ба илова, сохтани озмоишгоҳҳо, марказҳои омӯзишӣ ва анборҳо дар назар дошта шудааст. Ҳамаи ин иншоот дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир хоҳад шуд.

"Дар натиҷаи амалисозии тарҳи мазкур дар Қирғизистон истеҳсоли инсулин ба роҳ монда мешавад", - хабар доданд аз вазорати иқтисоди Қирғизистон.

Қирғизистон асосан аз хориҷ дору ворид месозад ва ба ин далел арзиши дору дар он кишвар гарон аст.

Соли гузашта дар порлумони Қирғизистон масъалаи камбуди инсулин барои гирифторони бемории қанд баррасӣ шуда буд.

Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон мегӯяд, дар он кишвар наздики 60 ҳазор бемори қанд мавҷуд аст. Аммо ба бовари коршиносон, теъдоди воқеии онҳо метавонад ду-се баробар бештар бошад.

XS
SM
MD
LG