Ссылки доступа

Як мақомдори пешини пулисро дар Узбекистон барои шиканҷаи боздоштшудае ҷазо доданд


Сардори пешини ҷустуҷӯи ҷиноии раёсати корҳои дохилии вилояти Намангони Узбекистон Умед Раупов барои шиканҷаи боздоштшудае ба се соли маҳдудияти озодӣ маҳкум шуд.

Ин ҳукм рӯзи 8 майи соли ҷорӣ содир ва танҳо ахиран расонаӣ шудааст.

Ба иттилои додгоҳ, моҳи октябри соли гузашта кормандони пулис шаҳрванд Ф.Ф.-ро бо гумони интиқоли доруҳои сахттаъсири "Тропикамид" ва "Регапен" боздошт кардаанд. Умед Раупов рӯзи 14 октябри соли 2022 дар боздоштгоҳ аз соати 03:31 то 03:57 нисбати боздоштшуда "шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмонаро истифода бурда, бо дасту пояш ӯро латту кӯб карда ва фишори ҷисмониву равонӣ расонидааст", омадааст дар хабари додгоҳ.

Додгоҳ Умед Рауповро дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳкор ва ба маҳдуд сохтани озодиҳояш ба муҳлати то се сол маҳкум кард. Вай ҳамчунин аз кор кардан дар сохторҳои пулис ба муддати се сол маҳрум шудааст.

XS
SM
MD
LG