Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон намехоҳанд, Моргенштерн - рэпери русиягӣ дар Бишкек ҳунарнамоӣ кунад


Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон барои манъи ҳунарнамоии рэпсарои русиягӣ Моргенштерн дар шаҳри Бишкек "чораҷӯӣ" мекунад.

Дар ин бора вазири фарҳанги он кишвар Олтинбек Максутов хабар дод.

"Мо дар мавриди Моргенштерн кор карда истодаем. Вазифаҳо гузошта шудаанд. Мо бо роҳбари толоре гуфтугӯ кардем, ки ҳунарнамоӣ дар назар дошта шудааст. Нисбати Моргенштерн дар Русия парванда боз шудааст", - гуфт Максутов.

Ҳунарнамоии Моргенштерн рӯзҳои 23-24 июн дар бинои Bishkek Arena дар шаҳри Бишкек дар назар аст.

Ин рэпсароро дар Русия шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" кардаанд. Шуруъ аз тирамоҳи соли 2021 вай берун аз Русия зиндагӣ мекунад. Баъди шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина вай зидди ин ҷанг баромад кардааст. Саҳифаҳои Моргенштернро дар YouTube бештар аз 12 млн кас пайгирӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG