Ссылки доступа

Дар Узбекистон як мард баъди баҳс бо ҳамсар се кудакашро куштааст


Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон як мард баъди баҳси телефонӣ бо ҳамсараш, ки дар Исроил кор мекунад, ду духтар ва писари худро бо корд ба қатл расондааст.

Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дода, ки ин мард баъди куштани фарзандонаш ба қафаси синаи худ ҳам корд задааст.

Дар ҳоли ҳозир ӯ дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор дорад. Ному насаби мард оварда нашудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз шудааст.

Кудакони кушташуда 10, 12 ва 13-сола буданд.

XS
SM
MD
LG