Ссылки доступа

Дар натиҷаи канда шудани лифт дар Тошканд 11 кас осеб дидааст


Дар натиҷаи канда шудани лифти борбар дар яке аз баландошёнаҳои шаҳри Тошканди Узбекистон 11 нафар осеб дидааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар додааст, ки ҳодиса 19 июн дар кӯчаи Наврӯзи ноҳияи Янгиҳаёти шаҳр рух додаааст.

Тибқи иттилои пешакӣ, ҳаракати поинравии лифт дар натиҷаи нуқсони техникӣ якбора баланд шудааст.

Ҳашт нафари осебдида баъди дарёфти ёрии тиббӣ аз беморхона рухсат шуда, се тани дигар таҳти назорати табибон қарор дорад.

Додситонӣ таҳқиқи сабабҳои сар задани ҳодисаро оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG