Ссылки доступа

Дар Қирғизистон муҷозоти номзадҳоеро пешниҳод доранд, ки боиси беэътибории натиҷаҳо мешаванд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи вакилони порлумони он кишвар дар ҳавзаи якмандатии ноҳияи Ленинро, ки рӯзи 28 май баргузор шуд, беэътибор донистааст.

Қаблан комиссия сабтиноми номзадии Улан Сариев ва Дамира Ниёзалиеваро, ки дар интихобот бештари овозҳоро ба даст оварда буданд, бо иттиҳоми харидани раъйҳо бекор карда буд.

Ҳарчанд номзадҳо аз болои қарори комиссия ба додгоҳ шикоят бурданд, вале Додгоҳи олии Қирғизистон қарорро тағйир надод.

Қарор аст, КМИР Қирғизистон дар давоми як моҳи оянда дар ҳавзаи мазкур интихоботи нав таъйин кунад.

Ҳамчунин дар ҷаласаи комиссия гуфта шудааст, ки мехоҳанд дар доираи лоиҳаи қонуне ба ҷавобгарӣ кашидани номзадҳоеро пешниҳод кунанд, ки натиҷаҳои интихобот ба далели онҳо беэътибор дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG