Ссылки доступа

Парвандаи мансабдорони узбеки муттаҳам ба таҷовузи ятимон дубора баррасӣ шудааст


Додгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон парвандаи сардори пешини Раёсати адлияти вилояти Хоразм ва роҳбари бахши ноҳиявии Ҳолатҳои фавқулодаро, ки барои робитаи ҷинсӣ бо таълимгирандагони ятимхонаҳо муҷозот шудаанд, дубора баррасӣ кардааст.

Додгоҳи зинаи поёнӣ пештар озодиҳои онҳоро 1,5-солӣ маҳдуд карда буд. Вале додситонӣ ба ин ҳукм эътироз карда, аз додгоҳ хоста буд, он бекор ва парванда дубора баррасӣ шавад.

Бино ба гуфтаи манбаъҳо, баррасии дубораи парванда пушти дарҳои баста ба поён расидааст.

Фаъолони мадании узбек мегӯянд, баъди эътирози додситонӣ бовар доштанд, банде, ки бар асоси он мансабдорони пешин муҷозот шудаанд, тағйир ва барои онҳо ҷазои сахтар муқаррар карда мешавад. Вале ба гуфтаи манбаъҳо, дар мурофиаҳо масъалаи тағйири банд матраҳ нашудааст.

Ҷабрдидаҳо дар ҷараёни мурофиаҳо гуфтаанд, ки қурбонии озори ҷинсӣ, фиреб ва таҷовуз шудаанд ва вакилони дифоъ низ изҳор доштаанд, ки дар кирдори мансабдорони собиқ нишонаҳои таҷовуз ба номус дида мешавад.

Бинобар ин, аз додгоҳ дархост шудааст, банди парвандаи маҳкумшудаҳо аз "Робитаи ҷинсӣ бо ноболиғ" ба "Таҷовуз ба номус" иваз карда шавад.

Расонаҳои Узбекистон қаблан хабар дода буданд, ки давоми 10 моҳ мудири ятимхона духтарони ноболиғро барои истифодаи шаҳвонӣ дар ихтиёри роҳбари раёсати вилоятии адлия ва роҳбари ноҳиявии Ҳолтаҳои фавқулода гузоштааст. Роҳбари ятимхона 5,5 сол зиндонӣ шуд. Ду мансабдори дигар бо гирифтани ҳукми 1,5-солии маҳдудсозии озодӣ аз додгоҳ раҳо ёфтанд.

Дар ихтиёри мансабдорон гузоштани духтарони ноболиғи ятимхона дар соли 2021 рух додааст. Он замон духтарон 15,16 ва 17 сол доштаанд.

XS
SM
MD
LG