Ссылки доступа

Киев озодшавии нахустин деҳа дар Запарожйеро тасдиқ кард


Муовини вазири дифои Украина Анна Маляр гуфт, неруҳои ин кишвар деҳаи Пятихаткиро дар ҷануби вилояти Запарожйе аз дасти русҳо озод сохтанд.

Намояндаи Русия дар ин вилоят Владимир Рогов як рӯз пеш хабар дод, ки Пятихаткӣ таҳти идораи неруҳои Украина қарор гирифтааст.

Вазорати дифои Русия субҳи якшанбе гуфт, талошҳои неруҳои мусаллаҳи Украина барои бозпасгири як минтақаи аҳолинишин ноком буданд.

Маляр субҳи 19 июн дар паёмакрасони Телеграм навишт, ки неруҳои Украина аз оғози ҳамлаҳои ҷавобии худ дасти кам ҳашт минтақаи аҳолинишинро, ки таҳти назорати русҳо қарор доштанд, бозпас гирифтаанд.

Ба гуфтаи Маляр, низомиёни Украина дар давоми ду ҳафтаи ахир дар самти ҷанубӣ ҳафт километр пеш рафта, ҷамъан 113 километри мураббаъро озод сохтаанд.

XS
SM
MD
LG