Ссылки доступа

Дар Гурҷистон як рӯзноманигори қазоқистонӣ кушта шудааст


Рӯзноманигори қазоқистонӣ Жанбота Толеген дар Гурҷистон кушта шудааст.

Дар ин бора рӯзноманигор Назира Даримбет дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Дар Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ва Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон кушта шудани Толегенро тасдиқ карданд.

"Ҳамсабақони Жанбота хабар доданд, ки ӯ 21 май дар шаҳри Телавии Гурҷистон кушта шудааст", - навиштааст Даримбет.

Даримбет афзуда, ки бо Толеген дар доираи тарҳе ҳамкорӣ мекард ва бори охир бо ӯ 19 майи имсол суҳбат карда буд.

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон 24 майи соли равон хабар дода, ки пулиси Кахетия шаҳрванд Г. Х.-ро бо гумони куштори барқасдона дастгир кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, Г. Х. дар пайи як баҳс шаҳрванди хориҷӣ ва шиноси деринаи худ Ж. Т.-ро ба қатл расондааст.

XS
SM
MD
LG