Ссылки доступа

Марат Ҳуснуллин гуфт, Маскаву Душанбе ба чӣ ниёз доранд


Як мансабдори Русия гуфтааст, Маскав ва Душанбе бояд роҳҳои интиқоли маҳсулоти кишоварзиро бе миёнаравҳо рушд диҳанд.

Ба иттилои ТАСС, Марат Ҳуснуллин, муовини раиси ҳукумати Русия, рӯзи 19-уми июн дар нишасти хабарӣ дар Душанбе чунин изҳори назар кард.

Русия пас аз шурӯи ҷанги беасос алайҳи Украина дар моҳи феврали соли 2022 зери бори таҳримҳои Ғарб мондааст.

Ҳуснуллин нагуфт, ки манзураш аз ҳамкории бе миёнаравҳо бо Душанбе чӣ маъно дорад, вале дар миёни Тоҷикистону Русия кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Қирғизистону Қазоқистон, истодаанд.

Новобаста аз даъватҳои батакрори Маскав, Душанбе гуфтааст, айни замон нияти пазируфтани узвияти созмонро надорад.

Сафари Марат Ҳуснуллин ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки зоҳиран тамоюли Русия барои ҳамкорӣ ва қаробати бештар бо Душанбе дар ҳафтаҳои охир афзудааст, аммо ҳамзамон фишору саркӯб ва таъқиби муҳоҷирон идома дорад.

Аз охири моҳи майи имсол то ҳоло даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боздошту шиканҷа ва ҳатто ихроҷ шудаанд.

XS
SM
MD
LG