Ссылки доступа

​​​​​​​Исмоил Раҳмонов куҷо шуд? Боздошти полковники ВКД (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Исмоил Раҳмонов куҷо шуд? Боздошти полковники ВКД.​ Додситонии кулли Тоҷикистон ёвари сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилиро боздошт кардааст. Сарҳанг ё полковники милиса Акмал Юсуфзодаро ба "одамрабоӣ" гумонбар медонанд.

- Клуби фарҳангӣ беҳтар аст ё тамрингоҳи паҳлавонони оянда?Сокинони деҳаи Сари Осиёи канори шаҳри Кӯлоб аз мақомот тақозо доранд, ки ягона бинои собиқ клуби фарҳангиро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Клуби фарсудаи фарҳангиро, ки аз ёди бисёриҳо фаромӯш шуда буд, онро ҳамчун тамрингоҳи паҳлавонони оянда истифода мебурданд. (видео)

- Дар Тоҷикистон баъзе маҳбусон баъди адои ҷазо ҳам назорат хоҳанд шуд. (видео)

- Наздикони коргардони тоҷик пизишконро дар марги ӯ айбдор мекунанд (видео)

- Ҷанҷол барои дарахт то ба додгоҳи Ғафуров рафт. Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гуноҳи буридани чандин дарахти худрӯ беш аз 40 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Худаш иддао дорад, ки ҳукм ноодилона аст, чун ӯ гуноҳе надорад. Зоҳиран баҳс, ки исми як мақомдори тоҷик ҳам ба он пайванд мехӯрад, акнун дар зинаҳои болоии додгоҳ идома меёбад. (видео)

- Дар Хатлон камбуди обу барқ кишти такрориро ба таъхир гузоштааст (видео)

- Ёди Аҳмад Зоҳир дар аҳди Толибон ва бо манъи мусиқӣ. Гуруҳе аз ҳаводорони Аҳмад Зоҳир дар маҳфиле дар Душанбе ёди ӯро гиромӣ доштанд. Ҳунарманди маҳбуб, 44 сол пеш, рӯзи 14-уми июн, ба таври шубҳабарангез ҷон бохт. Бо гузашти чанд даҳсола аз марги ӯ, сурудаҳои Аҳмад Зоҳир ҳанӯз сершунаванда ҳастанд (видео)

- Сарбозони рус дар Чернобил заҳролуд шудаанд. Кормандони неругоҳи вайроншудаи Чернобил дар Украина мегӯянд, сарбозони рус, ки инҷоро ишғол карда буданд, аломатҳои заҳролудшавӣ аз таъсири радиатсия ва ё ташшашуъ доштаанд. Онҳо мегӯянд, баъзе аз сарбозоне, ки хандақу сангар меканданд, дар бадан обила доштанд (видео)

- Пули давлат барои таҳсили кӯдакони Тоҷикистон сарф мекунад, кофист? Тоҷикистон соли гузашта барои соҳаи маориф беш аз ҳафт миллиард сомонӣ ҷудо кардааст. Ин маблағ ба куҷо ва ба кадом бахши маориф сарф шудааст? (видео)

- "Кӯдакон маро масхара мекунанд". 12-уми июн Рӯзи байналмилалии мубориза бо кори кӯдакон аст. Мақомоти Тоҷикистон иброз медоранд, ки барои пешгирӣ аз кори кудакон мубориза мебаранд ва ин раванд коҳиш ёфтааст. Вале як нигоҳе ба кӯчаву бозорҳои шаҳри Душанбе баръакси онро нишон медиҳад (видео)

- Гузориш аз рӯзгори тоҷикони Нурато дар Узбекистон.
Сокинони минтақаҳои тоҷикнишин аз нобуд шудани ёдгориҳои таърихӣ дар вилояти Навоии Узбекистон нигарон ҳастанд. Чанд қалъаву нигораҳои қадимӣ дар Нуратои вилояти Навоӣ, ки асрҳо пеш арзи ҳастӣ кардаанд, ҳоло хароб гардида (видео)

- "Ниҳоли ҳақиқат". Нигоҳе ба рӯзгори Ойниҳол Бобоназарова.
Дипломи сурх гирифт, аммо ҷойи кор наёфт. Ду моҳ дар зиндон буд ва баъд аз дасти ҳамсари раиси ҷумҳури собиқи Амрико ҷоиза гирифт. Сухан дар бораи Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик аст, ки рӯзи 10-уми июн 75-сола шуд (видео)

- Осиё: Қазоқистон дар остонаи таҳдиди таҳримҳо. Додситонии кулли Тоҷикистон қисмҳои низомиро месанҷад. Сабаб - ҳолатҳои сарбозозорӣ (видео)

- «Чӯҷаи ман, бубахш». Падари қурбонии ҳодисаҳои январӣ дар Қазоқистон, ки баъди марг суд шуд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест (видео)

- «Баргардонии амволи аз роҳи ғайриқонунӣ соҳибшуда». Маҷлис тарҳи қонунро қабул кард (видео)

- Рахнаи обанбори неругоҳи Каховская вазъи ҷанги Русия зидди Украинаро чи гуна тағйир медиҳад? (видео)

- «Мо мехостем, дар манзили худ боқӣ монем. Ба мо иҷоза надоданд». Модари серфарзандро аз хобгоҳи умумӣ берун карданд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG