Ссылки доступа

Шамоли сахт барқи беш аз 50 ҳазор сокини Узбекистонро қатъ кардааст


Беш аз 50 ҳазор сокини вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд ва Ҷизахи Узбекистон дар натиҷаи шамоли сахти рӯзи 19 июн бе барқ мондаанд.

Вазорати энергетикаи Узбекистон хабар додааст, ки дар натиҷаи шамоли сахт интиқоли неруи барқ ба 600 ҳазор сокини Бухоро ва 23 ҳазору 560 сокини Навоӣ қатъ карда шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 19 июн 9 ҳазор сокини ноҳияҳои Самарқанд низ бе барқ мондаанд.

Дар Самарқанд ва вилоятҳои дигари Узбакистон рӯзҳои ахир тундбоди шадиди ғуборолуд мушоҳида мешавад.​

XS
SM
MD
LG