Ссылки доступа

Дар робита ба фасодкорӣ дар Бунёди рушди табиати Қирғизистон ду каси дигар боздошт шуд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 20 июн хабар дод, ки дар робита ба нақшаи ошкоршудаи фасодкорӣ дар Бунёди рушди табиати ин кишвар ду каси дигар боздошт карда шудааст.

Сардори Раёсати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникӣ дар вилояти Чӯйи Қирғизистон К.Т.К.-ро, ки узви доимии комиссияи коршиносон оид ба баррасӣ ва сармоягузории тарҳҳо буд, 15 июн ҳангоми берун рафтан аз кишвар дар гузаргоҳи марзии "Ак-Жол-автодорожный" дастгир кардаанд.

Ҳамчунин муовини пешини вазири захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Қирғизистон И.Б.М., ки масъули пешниҳоди тарҳҳо дар комиссия буд, 18 июн дар фурудгоҳи "Манас" боздошт шудааст.

Боздоштшудаҳо дар “пуштибонӣ аз тарҳҳои инфиродӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани маблағҳои буҷа ба ширкатҳо айбдор мешаванд”.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон қаблан хабар дода буд, ки дар Бунёди рушди табиати Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии ин кишвар нақшаи фасодкориеро ба маблағи беш аз 400 миллион сом ошкор кардааст.

XS
SM
MD
LG