Ссылки доступа

Футбол: Мунтахаби Қазоқистон дастаи Ирландияи Шимолиро шикаст дод


Дастаи мунтахаби футболи Қазоқистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии “Аврупо-2024” тими Ирландияи Шимолиро дар Белфаст бо ҳисоби 1 : 0 шикаст додааст.

Ягона голро ҳамлагари даста Абат Аймбетов дар дақиқаҳои охирини вақти асосӣ ба ҳадаф расондааст.

Ин бори севум аст, ки мунтахаби Қазоқистон дар доираи бозиҳои интихобии қаҳрамонии “Аврупо-2024” дар Белфаст пирӯзӣ ба даст меорад. Футболбозони қазоқ қаблан тими Сан-Мариноро бо ҳисоби 3 : 0 ва дастаи Данияро дар майдони худ бо ҳисоби 3 : 2 шикаст дода буданд.

Мунтахаби Қазоқистон дар айни ҳол бо Финландия, ки пас аз чаҳор бозӣ се пирӯзӣ ва 9 имтиёз касб кардааст, дар ҷойи аввал меистад. Дания бо ҳафт имтиёз дар ҷои севум аст.

XS
SM
MD
LG