Ссылки доступа

Нафаре, ки кормандони бонки Остонаро гаравгон гирифт, 2 моҳ ҳабс шуд


Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон Алихон Муродовро, ки кормандони бонки "Kaspi"-ро гаравгон гирифта буд, ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

Алихон Муродов кормандони "Kaspi"-ро 18 июн гаравгон гирифта буд.

Матбуоти маҳаллӣ рӯзи 18-уми июн хабар дод, ки гаравгонгир гӯиё аз кормандони бонк талаби интиқоли пул ба чанд суратҳисобро карда, барои иҷрои ин се соат вақт дода будааст.

Баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки зоҳиран Муродов аз бонк қарздор буд.

XS
SM
MD
LG