Ссылки доступа

Дар Узбекистон саҳмияҳои давлатии як ширкатро ба шарики домоди Мирзиёв фурӯхтанд


Саҳмияҳои давлатии ширкати байналмилалии ҳамлу нақли "Орта Азия Транс"-и Узбекистон, ки 51 дарсадро ташкил медод, ба ширкати "Hyper Partners" фурӯхта шудаанд.

Оҷонси идоракунии дороиҳои давлатии Узбекистон хабар додааст, ки ширкати "Hyper Partners" саҳмияҳои давлатиро бар ивази 65 миллиард сӯм (ҳудуди 5 миллиону 665 ҳазор доллар) соҳиб гаштааст.

Тибқи иттилои расмӣ, "Hyper Partners" барандаи тендер эълом шудааст.

Бар асоси шартҳои созишнома, "Hyper Partners" тасмим дорад, ки фаъолияти "Орта Азия Транс"-ро ҳифз кунад ва ҳамзамон, ҳамлу нақли молро тариқи кишварҳои Аврупо, Чин ва Осиёи Марказӣ ба роҳ монда, терминали нави замонавии гумрукӣ ва таваққуфгоҳи бисёрошёна дар заминҳои ширкат бунёд кунад.

"Hyper Partners"-ро ба Ҳабибулло Абдуқодир, соҳибкори уйғур, ки аз ӯ ба унвони созмондиҳандаи империяи қочоқи мол дар Осиёи Марказӣ ном мебаранд, рабт медиҳанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Маркази таҳқиқоти фасодкориву ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карда, гуфтанд, Ҳабибулло Абдуқодир дар ин кор даст доранд.

Дар ҷараёни тафтишот собит карда шуд, ки хонаводаи Абдуқодирро дар Узбекистон Отабек Умаров, домоди хурдии раисҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев ба таври пинҳонӣ пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG