Вазорати энергетикаи Узбекистон хабар дод, ки дар натиҷаи туфони чангу ғубор беш аз 50 ҳазор сокини вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, ва Самарқанд бе барқ монданд.
Масъулони вазорат гуфтанд, интиқоли неруи барқ ба далели бехатарӣ қатъ карда шуд.
Туфони чангу ғубор солҳои ахир дар Узбекистон дар фасли баҳору тобистон бештар мушоҳида мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон, дар натиҷаи гармшавии иқлим раванди биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар Узбекистон якбора суръат гирифтааст.