Ссылки доступа

Қазоқистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки неругоҳи ҳастаӣ месозад, ё не


Вазири энергетикаи Қазоқистон Алмосодам Саткалиев дар посух ба суоли бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, тасмими ниҳоӣ дар бораи бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар он кишвар ҳанӯз гирифта нашудааст.

"Тасмим ҳанӯз гирифта нашудааст. Ҳоло масъалаи сохтмон ва иштирокчиёни эҳтимолӣ баррасӣ мешавад", - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи Саткалиев, равандҳои кунунӣ дар асоси тавозуни пешбинишудаи энергетикӣ, ки барои он иқтидорҳои асосӣ намерасанд, сурат мегирад. Яке аз гузинаҳои имконпазири ҳалли мушкилот сохтмони сохтмони неругоҳи барқии ҳастаӣ мебошад.

Президенти Русия Владимир Путин соли 2021 ба Қазоқистон пешниҳод кард, ки Москва омодааст дар бунёд ва баҳрабардории нерӯгоҳи ҳастаӣ ба Остона кумак кунад. Ӯ гуфта буд, Русия пешниҳод мекунад, ки "дар Қазоқистон бо истифода аз технологияи русӣ неругоҳи ҳастаӣ сохта шавад".

Расонаҳо бо такя ба ноиб-вазири энержии Қазоқистон Магзум Мирзогалиев навиштанд, ки шаҳри Курчатов дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ ва шаҳраки Улкен дар вилояти Алмато барои сохтани неругоҳи ҳастаӣ интихоб гардидаанд.

XS
SM
MD
LG