Ссылки доступа

Вокуниши вакили порлумони Қазоқистон ба хабари "туҳфагирӣ"-и Назарбоев


Вакили порлумони Қазоқистон Абзал Куспан гуфт, аз Додситонии кулли он кишвар дархост мекунанд, то шарҳ диҳад, ки чи гуна Кайрат Сотиболдӣ, бародарзодаи зиндонии президенти пешини Қазоқистон тавонистааст ба Нурсултон Назарбоев қаср "туҳфа" кунад.

"Ин дағалона вайрон кардани талаботи Кодекси ҷиноӣ мебошад. Мо нақзи чанд қонунро мебинем. Тибқи қонун дар бораи ВАО, агар ин хабар дуруғ бошад, мақомоти давлатӣ бояд онро рад кунанд. Дирӯз дидам, ки ба Додситонии кул ва ба мақомоти дахлдор суолҳо фиристодаанд, вале посухи дуруст дода нашудааст", - изҳор дошт ӯ.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ ахиран иттилоъ дод, ки Кайрат Сотиболдӣ баъд аз эълони ҳукми зиндонаш қасри бошукуҳеро ба амаки худ Нурсултон Назарбоев "туҳфа" кардааст. Ин қаср дар наздикиҳои шаҳри Алмато ҷойгир буда, "лонаи хонаводагии Назарбоевҳо" маҳсуб мешуд.

Тибқи қонунгузории Қазоқистон, туҳфа шудани амволи шахси ҳабсшуда номумкин аст, вале мақомоти қазоқ ин хабарро шарҳ намедиҳанд.

Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон Кайрат Сотиболдиро гунаҳкор эълон ва 6 сол зиндонӣ кард.

Бародарзодаи Назарбоев ба азхудкунии 12,7 миллиард тангаи "Қазоқтелеком" ва 28,6 миллиард тангаи "Маркази хадамоти нақлиёт"-и Қазоқистон муттаҳам буд. Худи ӯ дар додгоҳ ғорати маблағҳои ширкатҳоро эътироф кард.

XS
SM
MD
LG