Ссылки доступа

Дар Қазоқистон раҳоии рӯзноманигор Думан Муҳаммадкаримро талаб доранд


Ҷонибдорони Думан Муҳаммадкарим - рӯзноманигори қазоқистонии муттаҳам ба "вайрон кардани қонуни баргузории гирдиҳамоиҳо", ки имрӯз бояд аз ҳабс озод шавад, дар назди бинои пулис ҷамъ шуданд.

Муҳаммадкарим қарор буд, соати 11:30 аз боздоштгоҳ озод шавад, вале ӯ то ҳол набаромадааст ва кормандони пулис ҳам таъхири вайро шарҳ намедиҳанд.

Ҷамъшудаҳо озодии ӯро талаб доранд. Онҳо талош карданд, ба бинои пулис дароянд, вале маъмурони ҳифзи ҳуқуқ иҷозат надоданд. Додситон ба назди таҷаммуъгарон рафтааст, то вазъро баррасӣ кунад.

Ҷонибдорони рӯзноманигор нигаронанд, ки кормандони пулис эҳтимол дорад, ӯро баъди раҳоияш мустақиман ба Толдиқурғон баранд.

Вакили дифои рӯзнманигор Галима Нурпеисова гуфт, "чанде қабл мехостанд, Муҳаммадкаримро дар доираи парвандаи "сармоягузории экстремизм" бозпурсӣ кунанд, вале мо аз ҳуқуқи худ истифода карда, иҷозат надодем".

Пулиси Қазоқистон Муҳаммадкаримро 28 майи имсол боздошт кард. Пеш аз боздошти 28 май Муҳаммадкарим дар ҳабси маъмурӣ буд ва рӯзи 26 май озод шуд.

"Замоне ки вай дар боздошт буд, дар ютубканалаш чанд навор нашр шудааст. Дар яке аз он наворҳо гӯё вай ба "гирдиҳамоӣ" даъват кардааст", - гуфта буд вакили мудофеъ дар шарҳи боздошти рӯзноманигор.

Муаллифи саҳифаи ND дар YouTube Думан Муҳаммадкарим барои вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоӣ ду бор ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, 25 рӯз дар ҳабс буд.

XS
SM
MD
LG