Ссылки доступа

Хабари ташхиси раққосаҳои аквапарки Самарқанд рад шуд


Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабари Раёсати корҳои дохилии вилояти Самарқандро, ки гӯиё раққосаҳои аквапарки ноҳияи Самарқанд аз муоинаи тиббӣ ва ташхиси вируси норасоии масунияти бадан гузаронида шудаанд, рад кард.

Сухангӯи вазорат Шохрух Ғиёсов гуфт, дар робита ба амали кормандони пулиси Самарқанд, ки "норозигии ҷомеаро ба бор овардаанд, тафтиши хидматӣ шуруъ шудааст.

Вай хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё занони иштирокчии маросими ифтитоҳи аквапарки "Вавилон"-и ноҳияи Самарқанд аз муоинаи бемориҳои пӯст ва санҷиши вируси норасоии масунияти бадан гузаронида шуданд, рад кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин хабарро сухангӯи пулиси Самарқанд Сагдуллаев М. "бошитоб" ва "бидуни омӯзиши ҳамаҷониба" нашр кардааст.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он духтарон бо либоси шиноварӣ дар аквапарк рақс мекунанд. Хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Самарқанд гуфт, “иҷрокунандагони барномаи рақсӣ аз муоинаи бемориҳои пӯст ва ташхиси вируси норасоии масунияти бадан гузаронида шудаанд.

XS
SM
MD
LG