Ссылки доступа

Маоши кормандони расонаҳои минтақавии Қирғизистонро пардохтаанд


Ширкати миллии телевизион ва радиои Қирғизистон рӯзи 23 июн хабар дод, ки маоши семоҳаи кормандони расонаҳои минтақавиро пурра пардохт кардааст.

Масъалаи пардохт нашудани маоши кормандони расонаҳои минтақавии Қирғизистон ахиран дар порлумони ин кишвар матраҳ шуда буд.

Вакили порлумони Қирғизистон Бактибек Чойбеков 7 июн дар ҷаласа гуфт, "расонаҳои минтақавӣ се моҳ пеш аз Вазорати фарҳанги Қирғизистон хориҷ ва ба Ширкати миллии телевизион ва радиоии кишвар дода шуданд. Аммо кормандони онҳо то ҳол наметавонанд, маоши худро дарёфт кунанд".

Худи кормандони расонаҳои минтақавии Қирғизистон ҳам қаблан гуфта буданд, ки наметавонанд маоши се моҳи ахири худро дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG