Ссылки доступа

Тошканд консерти овозхонони русиягӣ Лепс ва Дубтсовро бекор кард


Консерти овозхони русиягӣ Григорий Лепс, ки мебоист моҳи октябри имсол дар шаҳри Тошканд баргузор шавад, бекор карда шудааст. Эҳтимол меравад, ин тасмим баъди он гирифта шудааст, ки бархе аз узбекистониҳо талаб карданд, консерт бекор шавад.

Мирзо Зомин, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ аз Узбекистон гуфт, Лепс аз ҳамлаи Русия ба Украина ҳимоят мекунад.

"Узбекистон - ин ҷое нест, ки гузаштаҳои шумо ба мерос гузошта бошанд ва ё ҷое нест, ки шумо маблағ ҷамъ ореду ба ҷанговаронатон тақдим кунед. Билет консерти овозхонони русиягӣ аз 150 ҳазор то 4 млн (мутаносибан 13 ва 350 доллар) арзиш дорад. Узбекистониҳои гиромӣ, ин навиштаро паҳн намоед. Иҷоза надиҳед, ки мошини хунхор худро таъмин кунад", - навишт Мирзо Зомин дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Баъди чанд рӯзи ин навишта эъломи консерти овозхон Григорий Лепс аз сомонаи Iticket.uz пок карда шуд.

Ба ҷуз ин консерти овозхони дигари русиягӣ Ирина Дубтсова низ бекор шудааст, ки мебоист дар шаҳри Тошканд баргузор шавад.

Пештар хабар расида буд, ки консерти Лепсро дар Қазоқистон низ бекор кардаанд.

XS
SM
MD
LG