Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ аз порлумони Қирғизистон хостанд, тарҳи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро баргардонад


Намояндагони ҳаракати ҳомии ҳуқуқи "Бир дуйно - Қирғизистон" рӯзи 26 июн назди бинои порлумони он кишвар ба вакилон муроҷиатномаи зидди қабули тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ"-ро тақсим карданд.

"Мо аз шумо даъват мекунем, ки Конститутсияи Қирғизистонро помол накунед ва тарҳи қонуни зиддиконститутсиониро бозхонд намоед, ки хилофи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо аст", - омадааст дар муроҷиатнома.

Ахиран ҳуқуқшинос Таттибубу Эргешбоева хабар дод, тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ", ки мебоист рӯзи 27 июн дар порлумони Қирғизистон баррасӣ шавад, аз дастури кор бардошта шудааст.

Бар асоси тарҳи қонун, дар Қирғизистон мехоҳанд, созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ғайридавлатиеро "намояндаи хориҷӣ" унвон кунанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ низ аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG