Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ошӯби "Вагнер"-ро дар Русия шарҳ доданд


Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов гуфт, ҳанӯз ҳаводиси ахирро бо мақомоти Русия баррасӣ накардааст.

Имонқулов хатарҳои таъсиси ширкатҳои хусусусии низомиро гуфт. Ба бовари вай, ширкатҳои хусусӣ, агар таъсис дода шаванд, фаъолияти онҳоро бояд қонун танзим кунад.

"Барои мисол, дар ИМА ва Чин чунин ширкатҳо ҳастанд. Онҳо ба муҳофизат ва корҳои дигар машғуланд. То ҷое ман медонам, дар Русия қонуне нест, ки фаъолияти онҳоро танзим кунад. Набояд ширкатҳои хусусии низомиро аз ҳар ҷиҳате тақвият бахшид. Агар роҳбари "Вагнер" ҳадафҳои сиёсӣ дошта бошад, кӣ пеши роҳи ӯро мегида? Онҳо танк, ҳавопаймо доранд, низоми зиддимшуакӣ ҳам. Аслиҳаи як артиши комилро доранд. Бигзор, имрӯз ба нафъи давлат кор мекунанд, вале агар фардо қудрат хостанд? Аз ҳамин хотир қонун бояд муайян созад, ки онҳо кай фаъолият ва кай корашонро қатъ мекунанд. Ба давлатҳое мисли мо чунин ширкатҳо даркор нестанд", - гуфт дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон.

Нерӯҳои "Вагнер", ки беш як соли ахир аз тарафи Русия дар Украина меҷанганд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, ба тарафи Маскав равон шуданд. Евгений Пригожин, раҳбари "Вагнер" гуфт, ҳадафаш барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъули артиши Русия аст. Аммо баъди миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус низомиёни "Вагнер" аз роҳашон бозгаштанд ва ба минтақаҳои таҳти назорати Русия дар Украина рафтанд.

XS
SM
MD
LG