Ссылки доступа

Баҳси додгоҳии писари Ислом Каримов бо Татяна Каримова пушти дарҳои баста сурат мегирад


Петр Каримов
Петр Каримов

Баҳси мерос миёни Петр Каримов - писари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов ва ҳамсари Ислом Каримов - Татяна Каримова дар додгоҳи ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканди Узбекистон пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Хабар дода мешавад, ки бо дархости ҷонибҳо баҳс ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шудааст. Татяна Каримова аз додгоҳ хостааст, ки баҳс пушти дарҳои баста сурат гирад ва додгоҳ ин дархостро қонеъ кардааст.

Петр Каримов - аз ҳамсари пешини Ислом Каримов - Наталя Кучма аст. Петр соли 1969 таваллуд шудааст. Ислом Каримов бо Наталя Кучма ҳамон сол аз ҳам ҷудо шуда буданд. Наталя Кучма соли 2008 фавтид.

Петр Каримови 54-сола аз соли 1990 дар Москва зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG