Ссылки доступа

Дар як садама дар Русия шаҳрвандони Қирғизистону Узбекистон кушта шуданд


Шаби 26 ба 27 июн дар вилояти Самараи Русия садамаи нақлиёт рух дод. Ба иттилои пешакӣ, дар он шаҳрвандони Қирғизистону Узбекистон фавтидаанд.

Ба иттилои расонаҳо, дар ин садама шаш кас кушта шудаанд. Ҳашт тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Мақомоти додситонии вилояти Самара ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, ки аз шаш кушташуда ду тан - як марду як зан - шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд. Кушташудаҳои дигар шаҳрвандони Узбекистон будаанд.

XS
SM
MD
LG