Ссылки доступа

Донишҷӯёни корҷӯи узбекистонӣ дар Олмон дар кӯча мондаанд


Наздики сад тан аз узбекистониҳое, ки барои пайдо кардани кор ба Олмон рафта буданд, дар кӯча мондаанд.

Як аз узбекистониҳое, ки ду ҳафта аст, дар вокзали Мюнхен мехобад, дар суҳбат бо расонаҳо нақл кард, оҷонси хусусие бо номи "Turon World Cooperation" бо ваъдаи кори семоҳа онҳоро ба Олмон овардааст. Марде бо номи "Абдулло", ки худро корманди оҷонс муаррифӣ кардааст, аз ҳар кадом корҷӯ аз 700 то 1000 доллар гирифтааст. Муҳоҷирон танҳо дар Олмон дарк кардаанд, ки онҳор фиреб додаанд.

Донишҷӯи дигари узбекистонӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, се ҳафтааст, ки дар вокзал шабро рӯз ва рӯзро шаб мекунанд.

"Мо аз 4 июн дар вокзал ҳастем. Ибтидои моҳи ҷорӣ ба Олмон омадем. Ба мо ваъда карданд, ки дар се моҳ на камтар аз 1000 евроӣ ҳар моҳе даромад мекунем. Вақте ба ин ҷо расидем, баъд фаҳмидем, ки ҳеч ҷои коре барои мо муҳайё нашудааст", - гуфт донишҷӯ аз Узбекистон.

Аз ширкати "Turon World Cooperation" дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки касеро барои кор ба Олмон нафиристодаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта дар Узбекистон иҷозатномаи фаъолияти 50 оҷонси шуғлро бозхонд карданд.

Нисбати чанд оҷонси дигар бо айби қаллобӣ парванда кушода буданд.

Давоми солҳои 2019-2020 борҳо дар бораи фиреб хӯрдани узбекистониҳо аз ҷониби оҷонсҳои шуғл хабар расида буд. Баъди ин хабарҳо фаъолияти бархе аз оҷонсҳо барҳам дода шуд.

XS
SM
MD
LG