Ссылки доступа

Овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии Узбекистон шуруъ шуд


Овоздиҳии барвақтӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Узбекистон шуруъ шуд. Интихоботи президентӣ дар он кишвар рӯзи 9 июл дар назар дошта шудааст.

Қитъаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳии пеш аз муҳлат дар дохил ва хориҷи Узбекистон рӯзи 28 июн боз шуданд.

Бино ба тартиби қонунӣ дар он кишвар, шаҳрвандоне ҳақ доранд, пеш аз муҳлат овоз диҳанд, ки ба далелҳои асоснок дар рӯзи интихобот дар ҷойи зисти худ қарор нахоҳанд дошт.

Рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ Конститутсияи нави Узбекистон, ки ба президенти амалкунандаи он кишвар Шавкат Мирзиёев имкон медиҳад, то соли 2037 ё то расидан ба синни 80 сари қудрат монад, бо бештар аз 90 дарсади раъйи тарафдор қабул шуд.

Маъракаи сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Узбекистон 10 майи соли ҷорӣ шуруъ ва 6 июн ба поён расид.

Чаҳор тан, ба шумули Мирзиёев, даъвои курсии президентӣ доранд.

XS
SM
MD
LG