Ссылки доступа

Нақлиёти ҷамъиятиро 30 июн барои ҷавонон дар Тошканд ройгон карданд


Дар Узбекистон 30 июн Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Мақомоти шаҳри Тошканд тасмим гирифтаанд, ки дар ин рӯз истифода аз автобусҳоро барои мусофирони аз 14 то 30-сола ройгон кунанд.

Бо ин вуҷуд маълум нест, ки ҳангоми ворид шудан ба автобус синни мусофиронро чӣ гуна ва кӣ муайян мекунад.

Рӯзи ҷавонон дар Узбекистон аз соли 2018 таҷлил мешавад. 30 июни соли 2017 Ҳаракати ҷамъиятии ҷавонон "Камолот" ба Иттифоқи ҷавонон табдил шуд. Он замон президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки ҳарсола 30 июн Рӯзи ҷавонон таҷлил шавад.

Соли 2020 дар он кишвар Оҷонси кор бо ҷавонон ташкил шуд. Ин оҷонс сиёсати давлатиро дар бахши ҷавонон амалӣ месозад.

Охири соли 2022 дар Узбекистон вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш ташкил гардид ва Оҷонси кор бо ҷавононро шомили ин вазорат карданд.

XS
SM
MD
LG