Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар Костанай сокинонро ба ҷанги зидди Украина ҷалб мекардаанд


Додситонии вилояти Костанайи Қазоқистон хабар дод, ки талоши ҷалби як сокини маҳаллиро ба ҷанги Русия зидди Украина сабт кардааст.

Дар хабари додситонӣ, ки рӯзи 29 июн нашр шуд, омадааст, "вақтҳои охир" дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди ҷанги Русия зидди Украина маводи зиёде нашр мешавад. "Дар бархе аз онҳо даъвати шаҳрвандони Қазоқистон барои иштирок дар ин ҷанг дида мешавад", - омадааст дар хабар.

XS
SM
MD
LG