Ссылки доступа

Вазъи донишҷӯёни узбекро, ки дар Олмон дар кӯча мондаанд, шарҳ доданд


Вазоратҳои шуғли аҳолӣ ва умури хориҷии Узбекистон вазъи донишҷӯёни ин кишварро, ки барои пайдо кардани кор ба Олмон рафта, дар кӯча мондаанд, шарҳ доданд.

Дар Вазорати шуғли аҳолӣ ва коҳиши фақри Узбекистон гуфтанд, ширкати "Turon World Cooperation" дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои дигар дар моҳҳои май ва июни имсол 102 донишҷӯйро аз ин кишвар ба Олмон фиристод, вале ҳангоми бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо "мушкил пеш омадааст".

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир ин қазия мавриди санҷиш қарор дорад ва "аз ниҳодҳои дахлдори Узбекистон дархост шудааст, ки ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳанд".

Бино ба иттилои Хабаргузории "Газета.уз", масъулони консулгарии Узбекистон дар шаҳри Франкфурт аз қазия бохабар буда, "донишҷӯёнро муваққатан бо ҷои зист таъмин кардаанд".

Наздики сад донишҷӯйи узбекистонӣ, ки барои пайдо кардани кор ба Олмон рафта буданд, гуфтанд, ду ҳафта аст, дар истгоҳи Мюнхен мехобанд. Донишҷӯён дар суҳбат бо расонаҳо хабар доданд, ки оҷонси хусусие бо номи "Turon World Cooperation" бо ваъдаи кори семоҳа онҳоро ба Олмон оварда, онҳоро фиреб додааст.

Марде бо номи "Абдулло" худро корманди оҷонс муаррифӣ карда, аз ҳар корҷӯ аз 700 то 1000 доллар гирифтааст. Муҳоҷирон танҳо дар Олмон дарк кардаанд, ки фиреб хӯрдаанд.

XS
SM
MD
LG