Ссылки доступа

Аврупо ду ширкати Узбекистонро барои кумак ба Русия таҳрим кардааст


Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев.
Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев.

Ду ширкати Узбекистон - "Alfa Beta Creative" ва "GFK Logistic Asia" шомили бастаи 11-уми таҳримҳое шудаанд, ки Иттиҳоди Аврупо ба далели ҷанги Украина зидди Русия эълом кардааст.

Дар гузориши Комиссияи Аврупо гуфта шудааст, ки ширкатҳои узбекӣ ба хотири кумак ба маҷмааи саноатии низомии Русия, бахусус барои кушиши харидани маҳсулот аз кишварҳои ғарбӣ таҳти таҳрим қарор гирифтаанд.

Ин ду ширкатро Вазорати адлияи ИМА ҳам соли гузашта таҳрим карда буд.

"Alfa Beta Creative" соли 2022 дар Узбекистон таъсис ёфта, бо харидуфурӯши яклухти таҷҳизот ва техникаҳои коргоҳӣ машғул аст. 100 дарсади саҳмияҳои ширкат ба Ҳайдарӣ Светлана Каримовна тааллуқ дорад. Талошҳо барои тамос бо худи ин зан бенатиҷа буданд.

Ширкати "GFK Logistic Asia MMC" фаъолияти худро дар Узбекистон соли 2018 оғоз карда, тибқи манбаъҳои боз, он асосан ба ироаи хадамоти ҳамлу нақл машғул аст. 80 дарсади саҳмияҳои ширкат ба Ключинская Юлия Александровна ва 20 дарсади боқӣ ба Грабилин Олег Валерьевич тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG