Дар лоиҳаи қонун пешниҳод карда шудааст, ки чопи пулҳои миллии Қирғизистон дар хориҷ аз ин кишвар манъ карда шавад. Дар ҳоли ҳозир пули соми қирғизӣ дар Фаронса ва Бритониё чоп мешавад.
Ҳамчунин муаллифон пешниҳод кардаанд, ки сом ягона воситаи пардохт дар Қирғизистон дониста шавад. Дар сурати тасвиби ин қонун, таъйини нархи молу маҳсулот ва хидматрасониҳо ҳам бо асъори хориҷӣ манъ мешавад.
Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 9 июни имсол гуфта буд, ки дар ояндаи наздик пулҳои миллии худро дар дохил чоп мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир барои шуруи чопи пулҳои миллӣ дар дохили Қирғизистон корҳо идома дошта, таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ шудааст.
Ҷабборов дар оғози сол гуфта буд, ки Қирғизистон шиноснома ва пули миллии худро мустақилона чоп мекунад ва ин кор ба буҷаи давлати он кишвар дасти кам 3 миллиард сом фоида меорад.