Ссылки доступа

Рустам Ашӯров корманди пешини ВКД-и Тоҷикистон будааст


Мақомоти Молдова имрӯз 3-юми июл зимни як нишасти хабарӣ гуфтанд, Рустам Ашӯров дар гузашта маъмури пулиси Тоҷикистон буд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба ин хабар вокуниш накардаанд.

Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова дар нишасти хабарие гуфт, Рустам Ашӯров ҳафт сол дар ниҳодҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор карда, барои содир кардани ҷиноят аз мақомаш ронда шудааст. "Ӯ соли 2013 дар Тоҷикистон ҷиноят содир карда, зиндонӣ шуд, вале пеш аз муҳлат ба озодӣ баромад,"-афзуд ӯ.

Намояндагони додситонӣ ва Вазорати умури дохилии Молдова ҳамчунин гуфтанд, ки Рустам Ашӯрови 43-сола, рӯзи 30-юми июн дар Фурудгоҳи Кишинёв ду намояндаи ниҳодҳои қудратии Молдоваро кушт, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ набудааст.

“Ҳангоми вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Молдова, шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи Интерпол ва ё Европол, ё идораҳои дигар ҷустуҷу намешуд. Фақат баъди ҳодиса дар фурудгоҳи байналмилалӣ, мо бо ҳамкоронамон аз Додситонии кулл ба Тоҷикистон занг задем ва ба мо гуфтанд, ки ин фард барои ҷиноят дар Тоҷикистон ҷустуҷу мешавад.”- гуфт, Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Рустам Ашӯров, яке аз аъзоёни гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк"даст дорад.

Бино бар фарзияи мақомоти Тоҷикистон Ашӯров бо ҳадафи фирор ба Аврупо, ба Молдова сафар кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июл дар изҳороте гуфт, гурӯҳе аз намояндагони мақомоти кишвар барои маълум кардани ҳама ҷанбаҳои парвандаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Кишинёв рафтаанд. Мақомоти Молдова гуфтанд, се муфаттиш аз Тоҷикистон вориди ин кишвар шудаанд.

XS
SM
MD
LG