Ссылки доступа

Додситон хост, гумонбарони парвандаи "ғасби фурудгоҳи Алмато" то 11 сол зиндонӣ шаванд


Айбдоркунандаи давлатии Қазоқистон барои гумонбарони парвандаи ғасби фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ аз 5 то 11 соли зиндон талаб кард.

Додситон хостааст, рӯзноманигор Айгерим Тлеужанова 5 сол, фаъоли маданӣ Калас Нурпеисов ва се шарики ӯ — Нурлан Далибаев, Ёрмуҳаммад Шилибаев ва Жан-Айдар Карменов 11-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд.

Иштирокдорони мурофиа норозигии худро ба талаби додситон баён карданд. Яке аз онҳо лавҳаеро бо навиштаи "Халқ террорист нест!"-ро боло бардошт.

Баррасии парвандаи ғасби фурудгоҳи Алмато ҳанӯз дар моҳи марти соли 2022 оғоз шуда буд. Тибқи фарзияи тафтишот, Тлеужанов ва Нурпеисов дар ҷараёни ҳодисаҳои "январӣ" дар назди фурудгоҳ "бетартибии оммавӣ" ташкил карда, гӯиё таҷаммуъгаронро ба бетартибӣ таҳрик додаанд.

Ҳамаи гумонбарон иттиҳоми эъломшударо рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG