Ссылки доступа

Узбекистон созишномаи аломатгузории марз бо Қазоқистонро тасвиб кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қонун дар бораи тасвиби созишномаи аломатгузории марз бо Қазоқистонро имзо кард.

Матни қонун 3 июл нашр шуд. Ин созишнома моҳи декабри соли 2022 дар ҷараёни сафари президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба шаҳри Тошканди Узбекистон ба имзо расида буд.

Президенти Қазоқистон қонуни тасвиби созишномаи мазкурро 28 марти имсол имзо карда буд.

Тибқи созишнома, Узбекистон ва Қазоқистон беш аз 2356 километру 666 метр марзи муштарак доранд ва он бар асоси тавофуқномаҳое, ки миёни Тошканду Остона дар солҳои 2021 ва 2022 ҳосил шуда буданд, аломатгузорӣ шудааст.

Ин ду кишвар гуфтугӯҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи худро ҳанӯз дар соли 2003 оғоз карда буданд.

XS
SM
MD
LG