Ссылки доступа

Дар Чеченистон рӯзноманигори "Новая газета"-ро латтукӯб карданд


Рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Елена Милашина ва вакили дифоъ Александр Немовро дар Чеченистон латтукӯб кардаанд.

Тибқи иттилои "Команда против пыток", шахсони ношиноси ниқобпӯш мошини таксии рӯзноманигор ва вакили дифоъро дар роҳ, ки аз фурудгоҳи шаҳри Грозний мерафтанд, боз дошта, онҳоро латтукӯб кардаанд.

Ҳамчунин техника ва санадҳои онҳоро нобуд сохтаанд. Ба гуфтаи Немов, ҳамлагарон ба сари онҳо силоҳ гузошта, таҳдид ба куштан кардаанд.

Рӯзноманигор ва вакили дифоъ дар ҳоли ҳозр дар бемористони Грозний қарор доранд. Ҳамлагарон ангуштони рӯзноманигорро ҳангоми талаби боз кардани телефон шикастаанд. Немов мегӯяд, ниқобпӯшон ба онҳо гуфтанд, ки "шуморо ҳушдор доданд. Аз инҷо биравед ва ягон чи нанависед".

Милашина ва Немов барои иштирок дар эъломи ҳукми Зарема Мусоева, ки моҳи январи соли 2022 аз ҷониби пулиси Чеченистон дар Нижний Новгород рабуда шуда буд, ба Грозний сафар карданд. Қарор буд, ҳукм имрӯз эълон шавад. Немов вакили дифои Мусоева аст.

Дар "Новая газета" ба "Meduza" гуфтанд, ки Немов ба додгоҳ меравад ва рӯзноманигор наметавонад кори худро идома диҳад.

XS
SM
MD
LG