Ссылки доступа

Парвандаи рӯзноманигорони "Kompromatuzb"-ро ба додгоҳ фиристодаанд


Додгоҳи олии Узбекистон хабар додааст, ки парвандаи рӯзноманигорони канали "Kompromatuzb" дар паёмакрасони Телеграм ба додгоҳ фиристода шудааст.

Дар доираи ин парванда рӯзноманигор Хуршед Далиев, собиқ сухангӯи ширкати"Узбекнефтегаз" Сиёвуш Ҳошимов, сухангӯи пешини Вазорати шуғли аҳолии Узбекистон Мавҷуда Мирзоева ва як нафари дигар дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Расонаҳо охирҳои моҳи январи имсол хабар доданд, ки мудири хабаргузории "Human.uz" Хуршед Далиев ва сармуҳаррири он Муслим Мирзоҷонов боздошт шудаанд. Дертар маълум шуд, сухангӯи пешини Вазорати шуғли аҳолӣ ва коҳиши фақри Узбекистон Мавҷуда Мирзоева ва собиқ сухангӯи ширкати "Узбекнефтегаз" Сиёвуш Ҳошимов дастгир гаштаанд. Гуфта мешавад, Аҳмадулло Аҳмадҷонов низ яке аз гумонбарон аст.

Зидди гумонбарон бо бандҳои "туҳмат, тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон, пулшӯӣ ва саркашӣ аз пардохтӣ андоз" айб эълом шудааст.

Дар доираи парванда 19 кас ҷабрдида ва 10 нафар даъвогар эътироф гаштааст. Ҳаҷми зарар 5,14 млрд сӯм гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG