Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, чаро консерти сарояндаҳои рӯ ба Кремлро иҷозат медиҳанд


Муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Узбекистон Баҳодур Аҳмадов шарҳ дод, ки чаро ба сарояндаҳои руси ҷонибдор аз ҷанг алайҳи Украина иҷозат медиҳанд, то дар ин кишвар консерт баргузор кунанд. Ба гуфтаи Аҳмадов, “ҳама чиро маҳдуд кардан мумкин аст, аммо санъат як соҳаи бидуни марз аст”.

Рӯзноманигори хабаргузории "Kun.uz" аз Аҳмадов пурсида, ки "чаро мақомоти Узбекистон дар ҷанги Украина худро бетараф медонанд, вале дар масъалаи консертҳои "Z-сарояндаҳо" бетарафиро зоҳир намекунанд?"

Муовини вазири фарҳанги Узбекистон дар посух гуфтааст, "ташкили консертҳо “ба робитаҳои баъзе аз кишварҳо ба ҳамдигар" рабте надорад”.

Консерти овозхони рус Григорий Лепс, ки мебоист моҳи октябри имсол дар шаҳри Тошканд баргузор шавад, бекор шудааст. Эҳтимол меравад, ин тасмим баъди он гирифта шуда, ки бархе аз узбекистониҳо талаб карданд, консерт бекор гардад.

Мирзо Зомин, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ аз Узбекистон гуфт, Лепс аз ҳамлаи Русия ба Украина ҳимоят мекунад. Ба ҷуз ин консерти овозхони дигари рус Ирина Дубтсова низ бекор шудааст, ки мебоист дар шаҳри Тошканд баргузор шавад.

Консерти Лепсро дар Қазоқистон низ бекор кардаанд.

Қаблан сарояндаҳои рус Григорий Лепс ва Николай Басков гуфта буданд, ба шахсе, ки тонкҳои артиши Украинаро маҳв месозад, 1 миллион рубл мукофот медиҳанд.

XS
SM
MD
LG