Ссылки доступа

Қотили рӯзноманигори қазоқ "гуноҳро ба гардан гирифтааст"


Город Телави
Город Телави

Гумонбар дар куштори рӯзноманигори қазоқистонӣ Жанбота Толеген дар Гурҷистон ба гуноҳи худ иқрор кардааст.

Фаъоли мадании қазоқ Дина Тансарӣ хабар дода, ки Ботакоз Толеген, хоҳари Жанбота 3 июл дар чорабиниҳои тафтишотӣ дар Кахетия иштирок кардааст.

"Ҳоло мусоидати ҷониби Қазоқистон зарур аст. Бояд исбот кард, ки рӯзноманигор ба хотири амволаш кушта шудааст. Гумонбар Габриэл Хохобашвилӣ аз соли 2015 бо ӯ робита дошт, вале онҳо зану шавҳар набуданд. Ӯ чанд бор омада, аз Жанбота пул талаб кард. Жанбота ба вай бовар мекард ва ӯ аз ин сӯистифода менамуд", - навиштааст Тансарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Габриэл Хохобашвилӣ рӯзноманигорро маҷбур мекунад, ки хонаашро фурӯшад. Онҳо 18 май хонаро фурӯхтанд ва 20 май аллакай дар Тифлис буданд. Хохобашвилӣ гӯиё 21 Жанботаро кушта, ба рӯдхонаи Кахетия мепартояд ва пулҳои ӯро соҳиб мешавад.

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон 24 майи соли равон хабар дода, ки пулиси Кахетия шаҳрванд Г. Х.-ро бо гумони куштори барқасдона дастгир кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, Г. Х. дар пайи як баҳс шаҳрванди хориҷӣ ва шиноси деринаи худ Ж. Т.-ро ба қатл расондааст.

XS
SM
MD
LG