Ссылки доступа

Вокуниши сафорати Украина ба баргузории консерти сарояндаҳои рус дар Узбекистон


Сафорати Украина дар Узбекистон ба изҳороти муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии ин кишвар Баҳодур Аҳмадов дар бораи баргузории консерти сарояндаи рус Григорий Лепс дар шаҳри Тошканд вокуниш кард.

Дар вокуниши сафорат омада, ки баргузории консерти сарояндаҳои русиягии ҷонибдор аз ҷанги Украина ба обурӯи Узбекистон хатар дорад. "Пулҳое, ки ҷинояткорони Русия ба даст меоранд, метавонанд барои сармоягузории ҷанг, терроризм ва қатли омми мардуми Украина истифода кунанд", афзудааст намояндагии дипломатӣ.

Дар сафорат гуфтанд, муроҷиати ҳамсонеро ба ниҳодҳои дахлдори Узбекистон фиристодаанд.

Муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Узбекистон Баҳодур Аҳмадов шарҳ дод, ки чаро ба сарояндаҳои руси ҷонибдор аз ҷанг алайҳи Украина иҷозат медиҳанд, то дар ин кишвар консерт баргузор кунанд.

Ба гуфтаи Аҳмадов, “ҳама чиро маҳдуд кардан мумкин аст, аммо санъат як соҳаи бидуни марз аст”.

Рӯзноманигори хабаргузории "Kun.uz" аз Аҳмадов пурсида, ки "чаро мақомоти Узбекистон дар ҷанги Украина худро бетараф медонанд, вале дар масъалаи консертҳои "Z-сарояндаҳо" бетарафиро зоҳир намекунанд?"

Муовини вазири фарҳанги Узбекистон дар посух гуфтааст, "ташкили консертҳо “ба робитаҳои баъзе аз кишварҳо ба ҳамдигар" рабте надорад”.

XS
SM
MD
LG