Ссылки доступа

Боздошти афсари қирғиз бо гумони фурӯши силоҳ


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки дар як амалиёти муштарак бо Хадамоти амнияти дохилии Вазорати умури дохилии он кишвар як майори милитсияро дастгир кардааст.

Майор ҳангоми кушиши фурӯхтани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ дастгир шудааст.

Ба иттилои муфаттишон, гӯиё боздоштшуда пайваста бо фурӯши ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангие машғул буда, ки дар давоми солҳои кори худ дар мақомоти умури дохилӣ ба даст овардааст.

Дар кумита гуфтанд, ҳангоми бозҷӯии манзили зисти боздоштшуда даҳҳо силоҳ, тир ва норинҷаки ашковар дарёфт карданд.

XS
SM
MD
LG