Ссылки доступа

Қазоқистон Андрей Павловро ба Русия надод


Фаъоли маданӣ аз шаҳри Тула Андрей Павлов, ки бо дархости мақомоти Русия дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дастгир гашта буд, озод шудааст.

Дар ин бора лоиҳаи ҳомӣ аз русиягиҳо дар Қазоқистон - "Точка невозврата" хабар додааст.

"Точка невозврата" қаблан иттилоъ дода буд, ки Павлов ба муҳлати сешабонарӯз ҳабс шудаааст ва ба ӯ Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон кумак мерасонад. Фаъоли рус аз дохили боздоштгоҳ аз мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагӣ карда буд.

Андрей Павлов моҳи марти соли 2022 бо ҷурми бадномсозии артиши Русия 40 ҳазор рубл ҷарима шуд. Тибқи маводи парванда, ӯ дар либоси худ парчами Украина ва навиштаи "Путин stop war"-ро часпондааст.

Зидди Павлов моҳи августи соли гузашта бо иттиҳоми "бадномсозии такрории артиши Русия" дубора парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, вай дар шабакаи иҷтимоии русии "ВКонтакте" ҳафт матлаби танқидӣ дар бораи ҷанги Украина нашр кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Андрей Павлов маъюби гуруҳи дувум аст.

XS
SM
MD
LG