Ссылки доступа

Боздошти ҷонибдорони Адахон Мадумаров дар Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошти ҷонибдорони Адахон Мадумаров - вакили порлумон ва раиси ҷиноҳи "Бутун Қирғизистон"-ро тасдиқ кард.

Дар изҳороти кумита омадааст, ки боздоштшудаҳо ба "тазоҳуроти омавӣ ва бетартибиҳои густарда бо мақсади ғасби қудрат" омодагӣ медиданд.

Манзили зисти 10 узви фаъоли ҳизби “Бутун Қирғизистон” дар шаҳрҳои Ӯш ва Бишкек 6 июл дар доираи парвандае, ки бар асоси банди “Даъват ба бетартибиҳои оммавӣ” боз гаштааст, бозҷӯӣ шудааст.

Гӯиё аз манзили боздоштшудаҳо санадҳои ҳизбӣ, кортҳои бонкӣ, лавҳаҳо ва “далелҳои дигари шайъие дарёфт ва мусодира шудааст, ки омодагии онҳоро ба бетартибии оммавӣ тасдиқ мекунанд".

Қаблан узви “Бутун Қирғизистон” Нурбек Кубаничбеков хабар дода буд, ки 5 узви ҳизб дастгир шудааст. Мадумаров боздошти аъзои ҳизбашро ба интихоботи 28 май дар ноҳияи Ленин рабт дод.

“Натиҷаҳои ин интихобот кайҳо беэътибор дониста шудаанд. Бо тарсонидани тамоми мардуми фаъоли қирғиз, ки фикру ақидаи худро ошкоро баён мекунанд ва назари худро доранд, ҷомеаро дар ҳолати кома қарор додаанд. Шаҳрвандон аз ҳаққи назари худсарона ба ин ё онҷо маҳрум карда шудаанд", - изҳор дошт ӯ.

Порлумони Қирғизистон ҳам 22 июн иҷозат дод, ки худи Мадумаров ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ӯ дар баромадан аз ҳадди ваколати худ ҳангоми имзои протоколи соли 2009 айбдор мешавад. Ин протокол ба ҷониби Тоҷикистон ба иҷроа додани 5 га заминро барои таъмири роҳи Ӯш-Бодканд-Исфанаи Қирғизистон дар назар дорад. Мадумаров он замон котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буд. Мадумаров гуфт, вакилони порлумон "аз боло дастури қатъӣ гирифтаанд".

XS
SM
MD
LG