Яке аз вакилони дифои рӯзноманигор Бакитбек Автандил ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо 7 июл аз Додгоҳи олии Қирғизистон расман дархост карданд, ки қарори ихроҷи Темировро бекор кунад.
Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Тошиев" оғоз кард. Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Тошиев (Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон)-ро дар фаъолияти ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст.
Тошиев дар "Фейсбук" навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".
Хабарнигор шаби 22-юми январи соли гузашта дар ҷои кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира карда шуданд. Дертар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд.
Додгоҳи шаҳрии Бишкек рӯзи 23 ноябри 2022 қарори ихроҷи Темировро содир кард. Кормандони вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳамон рӯз Темировро ба фурудгоҳ бурданд ва аз он ҷо ба Русия ихроҷ карданд.
Вакили мудофеи Темиров қарори додгоҳро қонуншиканӣ унвон кард.